Ҳифзи мероси таърихӣ, арҷгузорӣ ва гиромидошти корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва намояндагони номовари халқи тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати илму адабпарвари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Осорхонае, ки мунъакискунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ таърихиву фарҳангӣ, тамаддун ва ҳунармандии волои халқи тоҷик аст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгузин буда, дар он беш аз 60 000 нигора маҳфуз аст, ки аз фаъолият ва иқдоми наҷиби Қаҳрамони халқи тоҷик, ходими намоёни давлатӣ, муаллифи шоҳасари “Тоҷикон” гирдоварӣ ва ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Аз моҳи ноябри соли 2023, пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтани Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров шумори тамошобинон ба маротиб афзуда, аз ин макони ганҷи нуҳуфтаи таърих дар соли 2025 11300 нафар боздид намуданд, ки надик ба 1000 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Фаъолияти чунин осорхонаҳо дар қаламрави кишвар имкон фароҳам меоранд, то сайёҳони хориҷие, ки ба адабиёту санъати миллати тоҷик таваҷҷуҳ доранд, бештар ҷалб созанд.


1 Comment
Comments are closed.