Бо омадани фасли баҳор, айёми шукуфтану рустанхо ва оғози корҳои кишоварзӣ низ фаро мерасад. Дар баробари ин, шуруъ аз аввали моҳи март боришоти пай дар пайи борон дар кишвар идома дорад. Шабонарӯзи гузашта, бориши борону барф ва паст гардидани ҳарорати ҳаво дар мамлакат мушоҳида гардид, ки ба соҳаи кишоварзӣ бетаъсир намонд.
Анбӯҳи ҳавои сард шуруъ аз 9-уми март аз қисмати ҷанубу ғарб ба Тоҷикистон ворид гардида, санаи 10-ум ва шабонгаҳи 11-уми март ҳарорат якбора паст шуда, бориши шиддатнок дар қисмати зиёди кишвар ба амал омад.
Ба гуфтаи олимони соҳаи кишоварзӣ, беҳтарин шароит барои шинонидани ниҳол ҳавои салқин аст, зеро дар ин вақт ҳанӯз дарахтон хобидаанд. Рӯзҳои авввали баҳор низ барои шинонидани ниҳолҳои гуногуни ороишиву ҳамешасабз ва гулу буттаҳо хеле созгор мебошад.
Ба иттилои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҳамин бориши барфи шиддатнок омили асос ва муҳими барангезандагони касалиҳои замбуруғӣ, барктериявӣ, хашароти зараррасон, чангу ғубор мешавад ва ҳамзамон моддаҳои кимиёвии зараровари дар фазо омехташударо нобуд месозад. Дар ин баробар заминҳои кишоварзӣ аз намнокӣ таъмин гардида, барои кишти баҳорӣ муҳити экологиро фароҳам меоварад.

