Бахшида ба рӯзи байналмилалии занону духтарон зери унвони «Саҳми занон дар рушди илм» дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилрабо Мансурӣ ва дигар иштирокчиён, зимни суханронӣ аз сиёсати илмпарваронаи давлату Ҳукумат ва нақши меҳварии занони олим ва ихтироъкор дар пешрафти илми муосири тоҷик, дастовардҳои илмии занон дар риштаҳои мухталифи илмӣ, изҳори назар намуда, дар сатҳи байналмилалӣ доир гардидани чорабинии мазкурро мувофиқи мақсад арзёбӣ карданд.
Дар идома гуфта шуд, ки таҳлилҳои ҳамасола нишон медиҳанд, ки олимону занони ихтирокори тоҷик аз техникаву технология ва воситаву абзори пешқадами тадқиқоти илмӣ пайваста барои такмил додани сатҳу савияи дониш ва пажуҳишҳои илмии худ истифода намуда, тамоми нерӯи худро барои афзудани обруву эътибори илми тоҷик, фарҳанг ва расму оин, таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза бо таассубу хурофот равона менамоянд.

