23-юми феврали соли 2026 аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, 33 сол пур мешавад. Давоми ин солҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як сохтори муташаккил, муназзам ва боэътимоди ҳифзи марзу буми кишвар табдил ёфт. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт, маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки сарбозону афсарон ва ҷавонони синни даъватӣ чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардиданд.


Дар ин замина бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи тантанавию фарҳангӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамоиш дар фазои идона ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ доир шуда, дар он роҳбарияту намояндагони сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолони ҷомеа ва ҷавонону донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки таҷлили чунин санаҳои муҳим на танҳо арҷгузорӣ ба таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ, балки омили таҳкими ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷомеа, бахусус ҷавонон мебошад. Ҳамин тавр, чорабинии тантанавию фарҳангӣ бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардида, бори дигар собит сохт, ки Артиши миллӣ мояи ифтихор ва такягоҳи боэътимоди давлату миллат мебошад.

Ба муносибати таҷлили арзанда аз 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар низ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Зимни баргузории чорабинии тантанавӣ, ки бо иштироки муовини раиси вилоят, роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо баргузор шуд, изҳор гардид, ки дар вилояти Хатлон низ ҷиҳати таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва беҳтар намудани шароити хизмат тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, заминаи моддиву техникӣ ва инфрасохтори ҷузъу томҳои низомӣ тадриҷан мутобиқ ба талаботи замон тақвият дода мешавад.
Изҳори итминон карда шуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва масъулияти фарзандӣ вазифаҳои пуршарафи худро дар назди давлат ва миллат ҷавонмардона иҷро менамоянд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди омавию сиёсӣ таҷлил намудани 33 — юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри вилоятӣ ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ низ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Зикр шуд, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ, Ҳукумати кишвар ба таҳкими таҳкурсии моддию молиявӣ, таҷҳизотӣ, техникӣ ва кадрии ин рукни муҳимми давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, мунтазам иқтидори онро мустаҳкам ва дар ҳайати он ҷузъу томҳои навро таъсис доданд. Имруз шароит ва будубоши сарбозону афсарон ба тамоми талабот ҷавобгу буда, бе ягон мушкилӣ баҳри дифои марзу буми кишвар софдилонаю содиқона хизмат намуда истодаанд.
Иброз гардид, ки имрӯз таҳти сиёсати хидрадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи сулҳу субот пойдор буда, сокинон зиндагии осуда доранд.
Ёдовар бояд шуд, ки барои саҳми босазо гузоштан дар таъмини ҳифзи марзу буми ватан, волояти қонун ва суботи иҷтимоӣ ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби МИҲД-и вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба як қатор фаъолон сипоснома ва туҳфаҳои молию пулӣ тақдим гардид.
Дар ин баробар, дар ин рӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор гардида, сокинони мамлакат ин рӯзро дар фазои сулҳу суботи комили кишвар бо як самимият ва эҳсоси баланди ватандорӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намуданд.

