Skip to content Skip to footer

ДАВОМИ СЕ СОЛ БЕШ АЗ 90 НАФАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ ВА САЙЁҲИИ ШАҲРИ ВАҲДАТРО БО ИХТИСОСҲОИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ХАТМ КАРДАНД

Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат зери унвони “Паёми Президент-роҳнамо барои омода намудани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ ва сайёҳӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

         Дар ҷараёни кори конфронс мавзӯҳои “Паёми Президент-роҳнамо барои соҳаи маориф”, “Сифати таҳсилот дар Паём”, “Интихоби касб — интихоби ояндаи ҷавонон” ва “Таҷрибаомӯзии низоми дуалӣ — кафили омода намудани кадрҳои талаботи бозори меҳнат” матраҳ ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

     Иброз гардид, ки давоми 3-сол муассисаро беш аз 90 – нафар бо ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ хатм намуда, имрӯз бо фаъолияти назаррас онҳо дар таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар саҳмгузоранд.

     Бояд иброз дошт, ки  бо дарназардошти иҷрои дастуру супориҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони бешуғл, дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат барои ба курсҳои омӯзишии кӯтоҳмудати касбу ҳанромӯзӣ ҷалб намудани занону бонувон шароити хуб муҳайё гардида, синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаанд.

Leave a comment