Skip to content Skip to footer

Барномаҳо

Номгӯи барномаҳои Раёсати иттилоотӣ

“ПАЁМ” — барномаи иттилоотии  “Паём” ҳамарӯза бо пешниҳоди хабарҳои муҳим пахш мегардад. Он аз рӯи жанр хабарӣ буда, маводҳо пайваста дар жанрҳои хабар, гузориш, мухбирнома ва шарҳ омода мегарданд.  Барномаи  “Паём” барои бинандагон бештар дар самти сайёҳӣ ва ҳунармандӣ хабарҳоро пешниҳод мекунад.

“ВЕСТИ” — барномаи иттилоотии  “Вести” ҳамарӯза бо пешниҳоди хабарҳои муҳим бо забони русӣпахш мегардад. Аз рӯи жанр хабарӣ буда, маводҳо пайваста дар жанрҳои хабар, гузориш, мухбирнома ва шарҳ омода мегарданд.  Барномаи  “Вести” низ барои бинандагон бештар дар самти сайёҳӣ ва ҳунармандӣ хабарҳоро пешниҳод мекунад.

“NEWS” — барномаи иттилоотии  “News” ҳамарӯза бо пешниҳоди хабарҳои муҳим бо забони англисӣ пахш мегардад. Аз рӯи жанр хабарӣ буда, маводҳо пайваста дар жанрҳои хабар, гузориш, мухбирнома ва шарҳ омода мегарданд.  Барномаи  “News” низ барои бинандагон бештар дар самти сайёҳӣ ва ҳунармандӣ хабарҳоро пешниҳод мекунад.

Номгӯи барномаҳои Раёсати ҳунармандӣ

«ГАРДИШ» — барнома рочеъ ба таъриху фарҳанг, санъат, илму ҳунар ва  соҳаи гардишгарии тоҷикон дар гузашта ва имрўз омода мешавад. Дар барнома мавзуъҳое интихоб мегарданд, ки дар онҳо гузаштаи пурифтихор, худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддуни ғании мардуми точик ҳам дар самти ҳунар ва гардишгарӣ  дарҷ ёфтааст. Жанри барнома мусоҳиба, очерк ва ба шакли филми хурд таҳия мегардад. Мувофиқ бар ҳар матлаб мусоҳибон аз доираи олимон, зиёиён, омӯзгорон ва коршиносони соҳа интихоб мегарданд. Мақсади барнома баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни ҳазорсола ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани санъату ҳунар, ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

 “РОЗИ СОЗ”- барнома доир ба ҳунари созтарошӣ дар мамлакат, навъу намудҳои асбобҳои мусиқии миллӣ, маҳорати навозандагии мутрибон таҳия мешавад. Барнома аслан дар ҳудуди корхона ва ё дӯкони худи ҳунарманд сабт мегардад. Дар барнома аз жанрҳои мусоҳиба, очерку лавҳа ва портрет истифода мешавад. Мақсади барнома рушди ҳунари созтарошӣ ва равнақу ривоҷ додани мактаби устоду шогирд мебошад.

ҲУНАРКАДА” — барномаи таҳлилӣ доир ба раванди омӯзиши касбу ҳунарҳо дар Марказҳои ҳунармандӣ дар шаҳру наҳияҳои мамлакат ва муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамчунин, роҷеъ ба ташкили раставу дӯконҳои фурӯши армуғон ва дастгирии ҳунармандони касбӣ ҷиҳати рушди соҳа ва тақвият бахшидани мактаби устоду шогирд.

«АРЖАНГ» — барнома доир ба кору рӯзгори  рассомони шинохта ва навқаламони соҳа таҳия гардида, бинандаро бо маҳорату малака ва шавқу завқи  онҳо ошно месозад. Барнома дар шакли мусоҳиба, лавҳа ва очерк таҳия шуда, дар фазои кушод, берун аз студия сабт мегардад. Ба сифати қаҳрамон аслан шахсоне интихоб мешаванд, ки маҳорати баланди эҷодкорӣ ва ҳунари воло доранд.

  “СОҲИБҲУНАР” — барнома муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ, ҷараёни кори ҳунармандон ва маҳсули меҳнати онҳо мебошад. Ҳунармандони соҳибзавқ аз тамоми гӯшаҳои кишвар метавонанд қаҳрамони ин барнома гарданд.

«ГУЛДАСТ» — барномаи мазкур ба фаъолияти ҳунармандон  бахшида шуда, тарики мусоҳиба ва ё очерк омода мегардад. Дар барнома бештар фаъолияти он ҳунармандоне, ки баҳри эҳё ва рушду такомули ҳунархои мардумӣ  машғуланд,  инъикос  меёбад.  Ҳадаф аз таҳияи он ҳифзу нигаҳдорӣ ва муаррифии бештари ҳунарҳои мардумии  аҷдодӣ буда, дар он тарзи кори ҳунарманд дар хона ва ё маконе, ки ба ҳунармандӣ  машғул асту мактаби устоду шогирдро идома медиҳад, сабт мешавад.

«НИГОРИСТОН» — барнома рочеъ ба таъриху фарҳанги волои миллати тоҷик, санъат, ҳунарҳои аҷдодӣ, ҷамъоварии нигораҳои нодире, ки зимни ковишҳои бостоншиносӣ аз мавзеъҳои таърихӣ кашф гардидаанд ва баҳри ҳифзу муаррифӣ дар осорхонаҳои кишварамон  нигаҳдорӣ  карда мешавад, омода мегардад. Дар барнома ҳамчунин   хона-музейҳои шахсиятҳои барчастаи таърихиву фарҳангӣ  ва шахсоне, ки бо ҳисси баланди худшиносиву ифтихормандӣ нигораҳо ҷамъоварӣ намудаанд, муаррифӣ мегарданд. Мувофиқ ба ҳар экспонат ва таъриху макони  пайдоиши он, тарзи истифодаи нигора дар рӯзгори мардум   роҳбаладону таърихшиносон ва коршиносон маълумот медиҳанд.  

 “ТАҚВИМ” – ин барнома дар бораи санаҳои тақвимӣ, иду ҷашну маросимҳо, ҳодисаву воқеаҳо, ихтироот, навоварӣ, иду ҷашнҳои дар тақвим қайдгардида таҳия мегардад. Барнома бо забони тоҷикӣ пешниҳод гардида, ҳамчунин дар он доир ба рӯзҳои таърихие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешаванд, маълумот пешниҳод мегардад.

ЭТНОГРАФИЯ” – дар барнома анъанаҳои мардумӣ, урфу одат, маросимҳо, бозиҳо ва дигар урфу одатҳои мардумӣ таҳлил ва баррасӣ гардида, манзури ҳаводорон мегардад.

“ШИФОБАХШ” — барномаи маслиҳативу тавсиявӣ буда, дар он мутахассисону гиёҳшиносон ва табибон доир ба хусусиятҳои шифобахшии гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ба тамошобинон маълумоту тавсияҳо медиҳанд.

“ТАРОНАҲОИ МАРДУМӢ”- барномаи таҳлилӣ омӯзишӣ буда, дар он таронаҳои фолклорӣ интихоб мегарданд. Дар барнома сарояндагону мутрибон ва санъатшиносон доир ба пайдоиши суруд, сарояндаҳои он ва тарзи иҷро дар гузашта ва имрӯз ибрози назар мекунанд.

“ДУРДОНА” — барномаи омӯзишӣ буда, бо такя аз сарчашмаҳои таърихӣ олимон дар бораи чеҳраҳои мондагори санъати рассомӣ, минатюранигорӣ ва хаттотӣ маълумот медиҳанд.

Номгӯи барномаҳои Раёсати сайёҳӣ

“САЁҲАТИ ҶАҲОН”— барномаи иттилоотиву фароғатӣ буда, бинандаро ба саёҳати маҷозии кишварҳои гуногуни дунё мебарад. Дар ин барнома тамошобин бо таърих, фарҳанг, урфу одатҳо, табиат, шаҳрҳои машҳур ва мавзеҳои ҷолиби сайёҳии кишварҳои гуногун шинос мешавад. Барномаи мазкур дар асоси сафарҳо ва ҳамчунин дар асоси сарчашмаҳои интернетӣ омода мегардад.

“БАДАХШОН — МАКОНИ САЙЁҲОН” — бо мақсади инъикоси вазъи инфрасохтори сайёҳии ВМКБ манзури бинандагон гардонида мешавад. Мақсади асосии барнома ин нишон додани мавзеъҳои сайёҳӣ, расму оин, фарҳанги қадима, ёдгориҳои таърихии вилоят ба ҳисоб меравад. Барнома дар ҳамкорӣ бо мухбирони минтақавӣ таҳия шуда, дар баробари инъикоси мавзеъҳои ҷолибу зебои сайёҳӣ, ҳамчунин, аз вазъ ва мушкилоти ҷойдошта маълумот манзур гардонида мешавад.

“НУҚТАИ НАЗАР” – ба хотири таҳлили вазъи сайёҳии кишвар ва амалигардонии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” омода гардида, дар шакли суҳбат манзури бинандагон гардонида мешавад. Дар ҳар як нашри барнома масъалаҳои муҳими самти сайёҳӣ, вазъи имрӯзаи соҳаи мазкур бо ширкати коршиносон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.

 “РАҲ БА РАҲ— бо мақсади инъикоси вазъи инфрасохтори сайёҳии сарироҳӣ манзури бинандагон гардонида мешавад. Мақсади асосии барнома ин нишон додани мавзеъҳои сайёҳӣ ва инфрасохтори сарироҳӣ, фаъолияти иншоот дар шоҳроҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, сатҳи хизматрасонӣ дар роҳҳо мебошад. Дар ҳар як нашри барнома масири муайян интихоб гардида, раҳ ба раҳ саёҳат дар минтақа нишон дода мешавад. Дар баробари инъикоси мавзеъҳои ҷолибу зебои сайёҳӣ, ҳамчунин аз вазъ ва мушкилоти ҷойдоштаи сарироҳӣ дар баъзе минтақаҳо маълумот манзур гардонида мешавад.

“АГРОТУРИЗМ” — ҳадаф аз таҳияи барнома муаррифии имкониятҳои агросайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби саёҳат дар деҳот, заминҳои кишт, мавзеҳои мансуб ба парвариши олами набототу ҷонварони гуногун, рушди иқтисоди маҳаллӣ, бунёди инфрасохтори агросайёҳӣ ва баланд бардоштани фарҳанги муносибат бо табиат ва сайёҳон мебошад.Барнома ба муаррифии хоҷагиҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо, хоҷагиҳои чорводорӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, гармхонаҳо, боғҳои намунавӣ, деҳаҳои гуногун ва тарзи зиндагии аҳолии русто равона гардида, тавассути он бинандагон бо анъанаҳо, маҳсулоти маҳаллӣ ва иқтидори аграрии минтақаҳои гуногуни кишвар аз наздик ошно мегарданд.

 “ЯК РӮЗИ ДЕҲА” — мақсади таҳияи барнома муаррифии ҳаёти воқеии деҳот, тарзи рӯзгори мардум, фарҳанг, анъана ва имкониятҳои рушди деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Дар доираи барнома бинандагон маҷозан як рӯзро ҳамроҳ бо сокинони деҳа сипарӣ намуда, аз субҳи барвақт то фаро расидани шом шоҳиди зиндагии воқеии русто мегарданд. Раванди кори саҳро, чорводорӣ, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, нонпазӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, расму ойинҳо ва муносибатҳои гарми инсонӣ мазмуни асосии барномаро ташкил медиҳанд.Дар ҷараёни барнома имкониятҳои сайёҳии деҳот, агросайёҳӣ, сайёҳии этнографӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ инъикос ёфта, ҳамзамон мушкилоту дастовардҳои деҳот низ бо назари таҳлилӣ баррасӣ мегарданд. Суҳбатҳои самимӣ бо сокинон, иштирок дар корҳои рӯзмарра ва наворҳои зинда аз ҳаёти кӯҳистон барномаро табиӣ, гарм ва ба бинанда наздик мегардонанд.

“САЙЁҲИИ ВАРЗИШӢ» – барномаи тавсиявӣ-фароғатӣ буда, ҳадаф аз таҳияи он муаррифии минтақаҳои зебою мувофиқ ба намудҳои гуногуни саёҳати варзишӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. “Сайёҳии варзишӣ” аз ҷараёни хатсайрҳои сайёҳии варзишии сатҳи душворияшон муайяни сайёҳон аз дохил ва хориҷи мамакат, мусобиқаю марафонҳо ва дигар чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ таҳия мегардад.

«РОҲХАТ«– барномаи интеллектуалӣ, сайёҳӣ-маърифатӣ буда, ҳадаф аз таҳияи он баланд бардоштани фарҳанги сайёҳӣ ва дониши шаҳрвандон дар бораи минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон, тарғиби саёҳати дохилӣ ва рушди он дар кишвар, баланд бардоштани шавқу ҳаваси ҷавонон ба сафарҳо, омӯзиши мероси миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқи мардум барои иштирок дар хатсайру барномаҳои сайёҳию фарҳангӣ ва дастгирии ширкатҳои ватанӣ мебошад. Дилхоҳ нафар метавонад тавассути ҷавоби дуруст додан ба саволҳо вобаста ба соҳаи сайёҳӣ, ҳунармандӣ, ҷойҳои зебою ҷолиби Тоҷикистон ва ҷаҳон соҳиби роҳхати ройгон ба як хатсайри сайёҳӣ гардад.

«НИГОҲИ САЙЁҲ» — дар барнома нуқтаи назар ва нигоҳи сайёҳон вобаста ба таассуроти омаданашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабулу муносибат, меҳмоннавозӣ то ба беҳтарин хотироташон аз мавзеъҳои кишвар фаҳмида мешавад. “Нигоҳи сайёҳ” имкон медиҳад то донем, ки сайёҳону меҳмонон дар бораи Тоҷикистон ва мардуми он чӣ назару таассуроте доранд.

Номгӯи барномаҳои Раёсати филмҳои видеоӣ ва барномаҳои мусиқӣ

“БИЁВУ БУБИН!”  — травел шоу сафар ба шаҳру ноҳия ва хориҷи кишвар буда,бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ, табиӣ, таърихӣ ва ҳунару анъанаҳои миллии Тоҷикистон ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Дар ҷараёни сафар, ҳарчи пеш меояд, пешниҳоди бинанда гардонида мешавад. Ҳадафи барнома тарғиби маконҳои сайёҳӣ, таомҳои миллӣ, фарҳанги меҳмоннавозӣ, санъати волои меъморию шаҳрсозии тоҷикон.

 “РИВОЯТ, Ё ҲАҚИҚАТ”  — барномаи муаррифгари зарфиятҳои сайёҳӣ ва таърихии кишвар буда, дар он вижагиҳои хоси фарҳанги мардумӣ, ки фарогир аз ривоятҳои ҷолибу муаммоҳои офариниш бобати макону замон нишон дода мешавад. Дар он ривоятҳои мардумӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳақиқати таърихӣ пешкаши бинанда гардонида мешавад. Ҳадафи асосии  барнома муаррифии маконҳои таърихӣ, табиӣ ва мақбараю маконҳои муқаддасе, ки бобати пайдоиши онҳо қиссаву ривоят вуҷуд дорад ва муаррифии маконҳои ҷаззоби ватан аст.

“ДАР МАСИРИ ТАЪРИХ”-  барнома бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти ватандорӣ, дарку ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат таҳия шуда дар самти баланд бардоштани донишҳои таърихӣ мусоидат менамоянд. Дар он ҳодисаҳои муҳими таърихӣ дар шакли филми ҳуҷҷатӣ пешниҳод гардида, бо истифода аз сарчашмаҳои таърихӣ ҳодисаҳо бо нишон додаии далелҳои дақиқу иштироки мутахассисони соҳа мавриди таҳлил қарор мегиранд.

“ДАР ДОМАНИ ТАЛҲО”  ин лоиҳа одатан дар жанрҳои филми мустанад ва очерки сафарӣ таҳия мешавад. Ҳадафи барнома инъикоси зиндагии вокеии мардуми тоҷик дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар аст. Тавассути ин лоиҳа табиати нодиру зебои Тоҷикистон бо диди бадеӣ тасвир мегардад.

“ОБ – МАНБАИ ҲАЁТ” бо назардошти муҳимияти ташаббусҳои сатҳи байналмиллалии Тоҷикистон вобаста ба мушкилоти обу пиряхҳо омода мешавад, ки дар он мавқеи Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлоли дар саргаҳи обҳои Осиёи Миёна ҷойгирбуда, дар масъалаҳои марбут ба об нақши муҳим дорад, бо ширкати коршиносон мавриди барррасӣ қарор дода менаванд.

«АЗ ДИДАҲО» барнома дар жанри суҳбат таҳия шуда, меҳмонони барнома сайёҳони хориҷие мебошанд, ки аз маконҳои ҷолиби Тоҷикистон дидан намуда, бо урфу одат ва фарҳангу забону санъати мардуми тоҷик ошноӣ доранд. Барнома тавассути таҷриба ва назари сайёҳон, зебоиҳои табиат, ёдгориҳои таърихӣ, фазои фарҳангӣ ва меҳмоннавозии мардумро бозтоб намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Ҳадафи «Аз дидаҳо» бедор кардани шавқи саёҳат ва ҷалби дигар ҷаҳонгардон ба дидани сарзамини аҷдодӣ мебошад.

«МЕСАНҶЕМ»— барномаи шавқовари телевизионист, ки дар он хизматрасонӣ, маконҳо ва имкониятҳои гуногун аз нигоҳи таҷрибаи воқеии барандаи барнома санҷида мешаванд. Дар ҳар нашр ровӣ ё иштирокчиён ба ҷойҳои гуногун рафта, сатҳи хизматрасонӣ, сифат, муносибат, шароит ва ҳамчунин арзиш ва  нарху наворо санҷида назари худро вобаста ба дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳо манзури бинанда менамоянд. «Месанҷем» ба бинандагон имкон медиҳад, ки пеш аз интихоби макон ё хизматрасонӣ, аз таҷрибаи воқеӣ ва арзиши хзматрасониҳои сайёҳӣ  огоҳ шаванд.

«ҶОЛИБТАРИН МАКОНҲОИ САЙЁҲӢ» — барномаи иттилоотиву ҷолибест, ки дар ҳар нашр панҷ макони нодир ва тамошобобро аз Тоҷикистон ва гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Мавзеъҳое, ки интихоб мегарданд, аз ҳар ҷиҳат тавонистаанд ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб менамоянд. Табиат, таърих, фарҳанг, манзараҳои нотакрор ва фазои вижаи ин ҷойҳо бо наворҳои ҷаззоб ва шарҳи фаҳмо пешкаши бинандагон мегардад. Барнома нишон медиҳад, ки чаро ин мавзеъҳо барои сайёҳон ҷолибанд, чӣ вижагиҳо доранд ва чӣ таҷрибаи фаромӯшнашавандаро метавон дар он ҷойҳо гирифт.

«КИНОТУРИЗМ» — барномаи ҷолиби телевизионист, ки пайванди миёни кино ва саёҳатро нишон медиҳад. Дар ҳар нашр маконҳое муаррифӣ мешаванд, ки филмҳои маъруф дар он ҷо наворбардорӣ шудаанд ва пас аз намоиши онҳо ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтаанд. Барнома бо пешниҳоди пораҳои филм, наворҳои воқеӣ аз макон ва шарҳи ҷолиб, ба бинандагон нишон медиҳад, ки чӣ гуна санъати кино метавонад як ҷойро ба орзуи сафар табдил диҳад.

 “ГУЛПАРВАР” – барномаест, ки доир ба парвариш ва нигоҳубини гулҳои хонагӣ ва берунӣ бахшида шуда, фарҳанги зебоипарастӣ ва дӯстдории табиатро тарғиб мекунад. Мақсади пешниходи барнома тарқиби сабзу хуррамгардонии муҳити зист ва макони истиқоматии одамон мебошад.

“ЛАЗЗАТИ НОТАКРОР” – барномаи телевизионие мебошад, ки таомҳои миллӣ ва анъанавии тоҷиконро муаррифӣ намуда, ҳадафи он тарғиби ҳунари хурокпазӣ ва дастархонороӣ мебошад.

“РИШТАИ АНЪАНАҲО” барнома бо мақсади тарғиби либосҳои милллӣ таҳия шуда, пайвасти урфу одату анъанаҳои миллие, ки дар санъати либоспӯшии тоҷикӣ боқӣ мондаанд, муаррифӣ менамояд. Инчунин, дар барнома тарзи дуруст ҷой намудани унсурҳои миллӣ дар шаклҳои муосир бо либоси ҳаррӯза ё корию ҷашнӣ нишон дода мешавад.

Номгӯи барномаҳои шуъбаи мухбирони минтақавӣ

«ЭЪҶОЗ« — барномаи иттилоотӣ-фароғатӣ бо ҳадафи инъикос ва  муаррифии  ҳунари волои ҳунармандон ва фаъолияти марказҳои ҳунармандӣ дар кишвар таҳия мегардад. Муаллиф зимни таҳияи барнома ба рушду инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳунармандон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи махсус равона мекунад.

  «ЭҶОД»  — барномаи маълумотӣ-фароғатӣ буда, ҳадафи таҳияи ин барнома инъикоси навгониҳо дар соҳаи ҳунармандист. Муаллифи барнома бештар ба маҳсули навэҷодшудаи ҳунармандон таваҷҷуҳ намуда, пайваста бинандагонро бо навгониву навовариҳои ҳунарҳои мардумӣ огоҳ месозад.

 «САФОИ ХАТЛОН»  — барномаи таҳлилӣ —  маълумотӣ буда, вазъи соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандиро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баррасӣ мекунад. Барномаи мазкур дар як моҳ ду маротиба, рӯзҳои чоршанбе пешниҳоди бинандагон мегардад. Дар барнома шароити инфросохтори соҳаи сайёҳӣ, вазъи қабулу гусели сайёҳон, марказҳои ҳунармандӣ ва шароити кории ҳунармандон васеъ инъикос меёбад.

  «РАВАНД»  — барномаи таҳлилӣ буда, дар асоси бандҳои алоҳидаи “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва санаду барномаҳои давлатии дар самти рушди ҳунармандӣ фаъолиятдошта таҳия мегардад. Барнома дар асоси санаду барномаҳои давлатии дар ин самт амалишаванда, вазъи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандиро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баррасӣ менамояд. Ҳамзамон, дар баробари муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ, таърихию фарҳангӣ, инъикоси вазъи меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва фаъолияти марказҳои ҳунармандию ҳунармандон камбудиҳои ҷойдошта дар ин самтҳоро низ пешниҳод месозад.

  «ЯК ҲУНАР»  — барномаи маълумотӣ буда, аз таърих ва рушду инкишофи як навъи ҳунар дар замони соҳибистиқлолӣ қисса мекунад. Дар он бо иштироки таърихшиносон, фарҳангшиносон ва кормандони осорхонаҳои кишвар доир ба таърихи як навъи ҳунар маълумотҳои муфассал пешниҳод мегардад. Ҳамзамон, аз фаъолияти ҳунармандони дар самти интихобгардида дар замони имрӯз ва дастгирии Ҳукумати мамлакат нисбат ба рушду эҳёи  ин ҳунар маълумоти ҷолиб ҷамъоварӣ ва манзури бинандагон мегардад.