Skip to content Skip to footer

 «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!»:  иқдоми мазкур  соли  ҷорӣ низ роҳандозӣ мегардад.

Ҳамасола аз 1 март то 31 май дар мамлакат иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» ташкилу роҳандозӣ мегардад. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун анъана соли ҷорӣ низ ин иқдом гузаронида мешавад.

Мақсади асосии баргузории иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» тарғиб ва муаррифии шоистаи либоси миллӣ, ки як ҷузъи муҳими фарҳанг маҳсуб мешавад, арзёбӣ мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки солҳои қаблӣ иқдоми мазкур ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ бо иштироки занону бонувони ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ дар сатҳи баланд баргузор мешуданд.

  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалин намоиши ин иқдом дар соли 2026 дар «Боғи Куруши Кабир»-и пойтахт хабар  додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод имсол баробари баргузории ин иқдом, намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ низ баргузор мешавад.

Дар доираи ин чорабиниҳо либоси миллӣ, ки таҷассумгари таъриху фарҳанги миллат дониста мешаваду ҳунарҳои мардумӣ низ реша дар таърихи бостонии миллати тоҷик доранд, ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд.

Бояд хотирнишон кард, ки иқдоми мазкур на танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе, балки дар ҳамкорӣ бо Раёсату шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилотяҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар қаламрави кишвар ташкилу баргузор мегардад.