Масъалаи муаррифии Тоҷикистон дар маҷаллаи «Diplomatic Society» имрӯз, 10.02.2026 дар шаҳри Вена зимни вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо муассис ва сармуҳаррири маҷаллаи мазкур Гертруд Таухаммер баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия зимни мулоқот тарафҳо нақшаҳои ҳамкорӣ барои соли 2026-ро баррасӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷаллаи «Diplomatic Society» 500 ҳазор хонанда дошта, дар як сол бо шумораи 200 ҳазор нусха ба нашр мерасад.
Ёдовар бояд шуд, ки муаррифии Тоҷикистон дар маҷаллаи мазкур метавонад сайёҳони австриягиро ба тамошои зебоиҳои Тоҷикистони биҳиштосо ҷалб созад ва дар таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар мусоидат намояд.

