Skip to content Skip to footer

РОҒУН-ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” яке аз муҳимтарин ва бузургтарин иншооти стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва энергетикии кишвар нақши ҳалкунанда дорад. Ин иншооти азим на танҳо манбаи тавлиди нерӯи барқ, балки рамзи тавоноии давлат, ваҳдати миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Новобаста аз фасли зимистон ва шамоли сард, сохтмон як лаҳза ҳам қатъ намешавад. Ҳар ҳаракати мошинҳо як қадами дигар ба сӯи амалӣ шудани ормони миллӣ мебошад. Аммо қаҳрамонони аслии ин сохтмони бузург — кормандонанд.

Коргароне, ки бо нигоҳҳои пурирода, бо диловарӣ, садоқат ва меҳнат шабонарӯи заҳмат мекашанд. Онҳо дар ҳавои сард, дар шароити мушкил, бо дастони худ таърихи нав месозанд. Ҳар зарбаи болға, ҳар кафшер, ҳар лаҳзаи меҳнат дар Роғун — шаҳодати заҳмати содиқона ва ҳисси баланди ватандӯстист. Ин ҷо на танҳо нерӯгоҳ бунёд мешавад, балки мактаби матонат, рамзи иттиҳод ва манбаи нур барои наслҳои оянда шакл мегирад.