Skip to content Skip to footer

160 000 НАФАР САЙЁҲИ ХОРИҶӢ ДАР СОЛИ 2025 АЗ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ ХАТЛОН ДИДАН КАРДАНД

Соли 2025 ба вилояти Хатлон зиёда аз як миллион нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф оварданд. Ин нишондиҳанда шаҳодати равшани рушди соҳаи сайёҳӣ, беҳтар гардидани инфрасохтор ва муаррифии дороиҳои табиии вилоят ба ҳисоб меравад.   Дар ин бора, раиси вилояти Хатлон  зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.  

Ворид гардидани беш аз як миллион нафар сайёҳ ба вилояти Хатлон бозгӯи он аст, ки вилоят ба яке аз марказҳои муҳими туристии кишвар табдил ёфтааст. – иброз дошт,  раиси вилояти Хатлон 

  Дар соли 2025 бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон, Шуъбаи рушди сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд.  Имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 125 меҳмонхона, 270 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 128 чойхона ва 50 гестхаус фаъолият доранд. Ҳамзамон, 18 ширкати сайёҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд, ки ин ҳама барои қабули шоистаи меҳмонон шароити мусоид фароҳам меорад.

          Давраи ҳисоботӣ барои соҳаи сайёҳии вилояти Хатлон соли муваффақ дониста мешавад.   Аз шумораи як миллион нафар сайёҳони ба вилоят воридгашта, 160 ҳазор нафарро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2024 қариб ду баробар зиёд мебошад. Ин омор гувоҳи болоравии имиҷи сайёҳии вилояти Хатлон дар сатҳи байналмилалӣ аст.

Ҳамзамон,  зимни нишаст иброз шуд, ки вилояти Хатлон имрӯз ҳамчун минтақаи дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ муаррифӣ мегардад ва омода аст меҳмонони дохиливу хориҷиро дар сатҳи баланди хизматрасонӣ истиқбол гирад.