Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» форуми байналмилалӣ доир гардид.
Пеш аз оғози форум меҳмонон ва иштирокчиён аз намоишгоҳи идона боздид намуда, бо раванди пухтани суманак ошно гардиданд.
Дар кори форум сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода занон – дипломатҳои ҳавзаи Наврӯз аз Ҷумҳурии Узбекистон ва Қирғизистон, ходимони илм, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иброз гардид, ки Наврӯз, ки решаҳои он аз қаъри таърих сарчашма мегирад, имрӯз ба ҳайси ҷашни байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, арзишҳои олии инсондӯстӣ, сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб менамояд.
Боиси хушнудист, ки 10-уми декабри соли 2025 зимни иҷлосияи 20-уми Кумитаи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО яке аз суннатҳои арзишманди дигари ҷашни Наврӯз -номинатсияи миллии Тоҷикистон бо номи «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси ин созмони бонуфуз ворид гардид.
Мо занон таваҷҷуҳ ва дастгирии сарони давлатҳоямонро амиқан қадр менамоем ва саҳми онҳоро дар таҳкими робитаҳои байни кишварҳоямон, инчунин пешбурди баробарҳуқуқӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои занон баланд арзёбӣ мекунем. Ин ҳама ҷузъи ҷудонопазири талошҳои муштараки мо дар роҳи рушди муносибатҳои устувор ва барои ҳар як ҷониб судманд ба шумор меравад.
Мо итминон дорем, ки Форуми имрӯза ба як минбари муҳим ва нуқтаи оғози бисёр ташаббусҳо ва тарҳҳои судманд табдил хоҳад ёфт, ки ба ҳифз ва рушди анъанаҳои таърихӣ, таҳкими ҳамсоягии нек, боло бурдани мақоми занон дар ҷомеа ва пуштибонии арзишҳои оилавӣ мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки соли 2025 дар Тоҷикистон Форуми занон таҳти унвони «Наврӯз ҷашни ваҳдати занон» бо муваффақият баргузор гардид. Ин ҳамоиш ба минбари муҳими таҳкими ҳамбастагӣ, табодули таҷриба ва пешбурди ташаббусҳо дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа табдил ёфт.
Инчунин дар форум мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла саҳми занон дар эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, нақши оила дар нигоҳдории расму ойинҳои наврӯзӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи мероси ғайримоддӣ баррасӣ гардид.

