Skip to content Skip to footer

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ВАО-И ҚИРҒИЗИСТОН БА ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол, шиносоӣ бо таъриху фарҳанги беназири тоҷикон ва имкониятҳои сайёҳии кишвар, инчунин иштирок дар тантанаҳои бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон  ба Тоҷикистон ташриф овард.

Сафари хабарнигорони Қирғизистон дар Тоҷикистон   то 27-уми март идома ёфта, онҳо бо фаъолияти муассисаҳои телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ ва нашрияҳои Тоҷикистон шинос мешаванд.

Ҳамчунин намояндагони васоити ахбори оммаи Қирғизистон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак ва ноҳияи Варзоб боздид менамоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи сафар намояндагони васоити ахбори оммаи Қирғизистон дар Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» иштирок намуда, бо суннату ойинҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои анъанавии тоҷикон аз наздик шинос гардиданд.

Меҳмонон ба фазои идонаи Наврӯз ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд дода, чунин сафарҳоро барои таҳкими ҳамкориҳои иттилоотӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Қирғизистон муҳим арзёбӣ намуданд.