Skip to content Skip to footer

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ХУДШИНОСӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИФТИХОРИ МИЛЛИВУ ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ

Дар заминаи татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат ва  фарорасии таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ бо мақсади дидорбинӣ аз шароити хизматии афсарону сарбозон, тарғибу ташвиқи худшиносӣ ва баланд бардоштани ифтихори милливу эҳсоси ватандӯстӣ, дар қисми ҳарбии 0341-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон маросими аёдат ва чорабинии маърифатӣ доир шуд.      

Чорабинӣ бо ибтикори масъулони Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, инчунин бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, афсарону сарбозон ва дигар фаъолон дар қисми ҳарбии 0341-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доир гардид.

 Иштирокдорон аз имкониятҳои мавҷуда доир ба фаъолияти хизматӣ ва ҳолати буду боши сарҳадбонони қисми ҳарбӣ дидан намуданд.  

 Бо шарофати пойдории Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра бо амалисозии ҳадафҳои созанда, мукаммалгардонии инфрасохтори соҳа таъмин ва шароити муносиби хизматӣ барои афсарону сарбозон фароҳам гардидааст.

Ҳангоми дидорбинӣ бо сарбозон суҳбату мулоқоти озоду судманд доир шуд. Сарбозони қисми ҳарбӣ бо ифтихор аз ватандорӣ дар муҳити созгори шароиту имконоти фароҳамбуда, баҳри ҳифзи сарҳади давлатӣ шуҷоатмандона адои хизмат карда истодаанд.