Ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки 93-фоиз кӯҳҳо ташкил медиҳанд, зебогии чор фасли сол дар ҳама манотиқи кишвар мушоҳида мегардад. Баҳор, ки фасли дӯстдоштаву писандидаи ҳамагон ва фасли зебои табиат аст, мардум омаданашро бесаброна интизорӣ мекашанд. Табиати зебову муҳити фарогир бо хусусиятҳои таъсирбахшу нишонаҳои вижаи худ ибтидо аз моҳи феврал муждаи омадани баҳору пайки шодӣ аз фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро ба сокинон мерасонад.
Рӯидани гули сияҳгӯш ва чанде аз навъҳои гуногуни гулу растаниҳои дигар, ки дар моҳи январ ва феврал дар табиат мушоҳида мешаванд, мардумро аз наздик шудани айёми рустанҳову шукуфтанҳо огоҳ мекунад. Айни замон зебогии чунин мавсим ва гулҳои навруста, аз ҷумла гули сияҳгӯшро дар табиати зебои ноҳияи Муъминобод метавон мушоҳида кард.

Ҳоло ки давраи охири зимистон ва фарорасии баҳору Наврӯз айёми пирӯзии гармӣ бар сардӣ аст чун анъанаи дерина мардуми тоҷик дар ин асно дар баробари ривоҷи корҳои саҳроӣ ва амалисозии иқдомҳои ободонӣ инчунин дар мавсими эҳёи табиат оини гулгардонӣ ва дигар суннатҳои хоси инсондӯстонаро иҷро менамуданд ва имрӯз низ ин оини нек дар байни мардум роиҷ аст.
Тибқи андешаи олимону мутахассисон гули сияҳгӯш ба оилаи гулҳои савсангул дохил буда, мавҷудияти беш аз 57-навъи онро дар олам муайян кардаанд, ки наздики 20-намуди он дар табиати Тоҷикистон мерӯянд.

