Skip to content Skip to footer

Оғози пешниҳоди лоиҳаҳои грантӣ:  Имсол 200 нафар занон соҳиби гранти Президентӣ мегарданд

      Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли 2026-ро эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» хабар додааст.

       Ҳамасола барои соҳибкорзанон грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занони  тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ  тиҷорати худро пеш баранд.

      Имсол низ 200 нафар занон имкон доранд аз ин маблағҳои бебозгашт баҳравар гардида, соҳибкории худро рушд диҳанд.

      Лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа, дар барномаи MS Word бо истифода аз шрифти Times New Roman андозаи 14, бо забони тоҷикӣ, инчунин бо мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод  карда шавад.

      Грантҳо ба маблағи 40 000, 50 000, 60 000, 70 000, 80 000, 90 000, 100 000 ва 110 000 сомонӣ барои 200 нафар занони соҳибкор ҷудо мегарданд.

      Хоҳишмандон метавонанд  ба суроғаи шаҳри Душанбе,  кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3  ва ё ба телефонҳои 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38 e-mail: info@comwom.tj муроҷиат намоянд. Қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрел идома меёбад.

      Дар ҳолати нопурра будани ҳуҷҷатҳо лоиҳа аз тарафи кумита қабул карда намешавад ва ҳангоми дар озмун ғолиб нагардидан ҳуҷҷатҳо баргардонида намешаванд.