Шуруъ аз 3-юми март дар шаҳри Берлин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» оғоз гардид ва он то 5-уми март идома ёфта, намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон низ дар ин чорабинии бонуфуз иштирок доранд.
Намоишгоҳи «ITB Berlin» яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин ҳамоишҳои ҷаҳонии соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ширкатҳои пешбари сайёҳӣ, сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони соҳаро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд меорад.
Дар доираи намоишгоҳ намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон имконоти сайёҳии мамлакат, аз ҷумла захираҳои нодири табиӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва ҳамзамон, ҷашну анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги меҳмондорӣ ва таомҳои миллӣ ҳамчун бахши муҳими бренди сайёҳии мамлакатро муаррифӣ месозанд.
Иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими мавқеи кишвар дар бозори байналмилалии сайёҳӣ арзёбӣ шуда, дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар заминаи мусоид мегузорад.

