Дар асоси “Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” дар шаҳри Левакант даври шаҳрии озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади эҳё ва рушди фарҳанги миллии хонаводагӣ, тарғиби таомҳои миллӣ ва муосир, инчунин баланд бардоштани маҳорати кадбонугии занону бонувон доир карда шуд.
Ҳадафи асосии озмун ҷалби доираи васеи занону бонувони шаҳраку деҳоти шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳо ба эҳё ва омода намудани таомҳои миллию муосир, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, инчунин омода намудани ҷавондухтарон ҳамчун кадбону ва ҳунарманд мебошад.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо ба таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва рушди фарҳанги солими оиладорӣ мусоидат намуда, барои дарёфти чеҳраҳои намунавӣ дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.

