Skip to content Skip to footer

ИДОМАИ  ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ  БА ИФТИХОРИ 33-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи баргузории чорабиниҳои тантанавӣ  ба ифтихори 33-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Сино дар қисми ҳарбии 0120-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид.  

Пеш аз оғози ҳамоиш ҳозирин аз шароити хизмати сарбозону афсарони қисми низомии 0120-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Сипас дар саҳни қисми ҳарбии 0120-и Қушунҳои сарҳадӣ қисмати танатнавии чорабинӣ оғоз гардид. Дар рафти чорабинӣ ҳозирин  таъкид доштанд, ки заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳар давру замон артиш буд ва ин рисолат минбаъд низ боқӣ мемонад.

Имрӯз сарбозони шуҷои Ватан давомдиҳандагони роҳи пурифтихори Спитамену Темурмалик ва дигар родмардони диёр мебошанд. Зеро аз таърих маълум аст, ки тоҷикон мардуми соҳибистеъдод, ҷасур ва руҳану ҷисман тавоно буда, дар набардҳо мағлубнопазиранд.

          Имруз ҳазорҳо писарони қавииродаи мо бо мардонагиву матонат, шуҷоату ҷасорат, бо ҳисси баланди ифтихормандӣ аз ин диёри ободу осуда  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат намуда, муҳофизати ин  сарзамини биҳиштосоро  бар душ доранд.

Барномаи зебои фарҳангӣ дар доираи таҷлили 33- солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин қисми низомӣ идомаи чорабинии навбатӣ гардид.