Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Зимни суханрониҳо доир ба мақому манзалати зан — модар дар ҷомеа ибрози назар карда шуда, таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба қадру манзалат ва эҳтироми зан — модар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Қайд гардид, ки таҷлили Рӯзи Модар дар сатҳи давлатӣ нишонаи эҳтирому қадршиносии давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба занону модарон буда, гувоҳи он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ занон дар ҷомеа ба мақому манзалати шоиста соҳиб гардидаанд.


Дар идомаи чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ҳунармандони маъруфи кишвар бо иҷрои сурудҳои дилнишин дар васфи модар фазои идонаро боз ҳам гарму самимӣ намуданд.
Сурудҳои пурмуҳтаво дар бораи меҳру муҳаббат, садоқат ва фидокории модар бо кафкӯбиҳои гарми тамошобинон истиқбол гирифта шуданд.

