Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе аз 19 то 28 март барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Тибқи маълумот 19 март, соати 10:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём»-и ноҳияи Сино барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд.
22 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» барномаҳои идона ва дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам» аз соати 14:00 то 19:00 Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баргузор мегарданд.
23 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» барномаҳои наврӯзӣ доир мегарданд.
24 март, соати 09:00 дар Майдони «800-солагии Москва» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон дар ҳамин рӯз аз соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» барномаҳои идона доир мешаванд.
25 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» чорабиниҳои ҷашнӣ доир карда мешаванд.
26 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» тантанаҳои наврӯзӣ доир карда мешаванд.
27 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» чорабиниҳои наврӯзӣ баргузор мегарданд.
28 март, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» барномаҳои наврӯзӣ доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯз бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мешаванд.
Имрӯзҳо ба муносибати таҷлили бошукуҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз тамоми гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе зебу зиннат дода шудаанд. Дар онҳо гулҳои рангорангу дарахтони сояафкани гулпӯш ва дигар ороишоти рамзи баҳору Наврӯз насб гардида, ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт дар ин боғҳо ба сайру гашт мебароянд.
Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро давоми садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва сарбаландии маънавияш медонад. Бо фаро расидани ин ҷашни зебои табиат дар ҳар хонадони мамлакат шодию фараҳ танинандоз шуда, марди деҳқон бо умеди ҳосили фаровон ба замин донаи умед мепошад.

