Skip to content Skip to footer

АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ: АЗ ГУЛГАРДОНӢ ТО ПУХТАНИ ХӮРОКҲОИ МИЛЛӢ ДАР ЛЕВАКАНТ

Баҳор дар фарҳанги тоҷикон на танҳо оғози соли нав, балки айёми эҳёи расму оинҳои миллӣ низ ба шумор меравад. Бо наздик шудани ҷашни Наврӯз, дар ҳар хонадон бӯи хуши нонҳои гарм ва таомҳои лазиз ба машом мерасад. Имрӯз, занону модарони шаҳри Левакант дар баробари пухтани нонҳои гуногун, инчунин яке аз таомҳои дӯстдоштатарини миллӣ — оши буридаро омода мекунанд. Ин таоми лазизу серғизо бештар дар рӯзҳои наврӯзӣ ва ҷамъомадҳои хонаводагӣ пухта мешавад.

         Духтарон бо ҳам ҷамъ омада, баргҳои гиёҳи ӯсмаро майда карда, оби онро барои ранг кардани абрӯвон истифода мебаранд. Ӯсма ранги табиӣ буда, абрӯвонро сиёҳу зебо менамояд. Ин амал на танҳо барои зебоӣ, балки ҳамчун як расми суннатӣ ва рамзи таровати баҳорӣ анҷом дода мешавад.

Яке аз анъанаҳои қадима ва зебои мардуми тоҷик гулгардонӣ мебошад. Ин расми суннатӣ муждаи омадани баҳор ва эҳёи табиатро мерасонад. Бо гарм шудани ҳаво ва шукуфтани аввалин гулҳо, махсусан бойчечак, кӯдакон даста-даста ҷамъ омада, бо гулҳо хона ба хона мегарданд ва муждаи баҳори гулбадомонро ба ҳамагон мерасонанд.

Талу теппаҳои сабзпӯш, дарахтони ғарқи гул ва ҳавои софу мусаффо диққати ҳар меҳмонро ба худ ҷалб мекунанд.  Сайёҳон ҳангоми тамошои ин манзараҳои нотакрор, махсусан соҳилҳои зебои Вахш  аз оромиву таровати табиат баҳра мебаранд.

         Ҳамин тавр, табиати дилфиреби шаҳри Левакант бо омадани фасли баҳор барои сайёҳон манбаи илҳом ва хотираҳои ширину ҷовидона мегардад.