Skip to content Skip to footer

«Ҷилваи зан-модар дар олами рангҳо»

Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти “Рӯзи Модар” намоиш таҳти унвони «Ҷилваи зан-модар дар олами рангҳо» ифтитоҳ гардид.  

          Дар намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ 38 адад мусаввараҳо ва нимпайкарањои нодир, ки маҳсули эҷоди рассомон ва муљассамасозони маъруфи кишвар мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар нигораҳо ва нимпайкараҳо симои зан — модари тоҷик бо тамоми латофат, меҳрубонӣ ва шукуҳи маънавӣ таҷассум ёфтааст.

Ҳадафи намоиш тавассути асарҳо нишон додани бузургии модар, бедор намудани эҳсоси муҳаббату эҳтиром нисбат ба занон ва муаррифии мероси гаронбаҳои мусаввирон ва њайкалтарошони кишвар дар ин мавзӯи ҷовидона мебошад.

 Намоиши «Ҷилваи зан — модар дар олами рангҳо» то 19 марти соли равон идома хоҳад ёфт.