Skip to content Skip to footer

  «ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ!»  

    Ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!», дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташкили як барномаи фарҳангӣ ва оростани хони Наврӯзӣ доир гардид. Намояндагони Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо ташкили гӯшаҳои алоҳидаи таҷассумгари анъанаҳои наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.

    Қисмати тантанавии ҳамоиши илмӣ-адабиро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Точикистон ҳусни огоз бахшида, иброз дошт, ки бо заҳмату талошҳои Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳоди Чумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати кишварҳои доираи Наврӯз, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз, ҳамчун иди байналмилалӣ эълон гардида, дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

    «Бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе метавонад боз ҳам шукӯҳи ин ҷашни фархундаро бештар намуда, арзишҳои миллии тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ созад” – зикр шуд дар идомаи чорабинӣ.

Таъкид гардид, ки таваҷҷӯҳ ба Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ зарурати рушди инфрасохтори сайёҳиро ба миён овард. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои маҳбуби миллат дар солҳои охир меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои истироҳатӣ, роҳҳо ва дигар иншооти сайёҳӣ бунёд ва таҷдид мегарданд, ки ин раванд ба ҷалби бештари меҳмонони дохиливу хориҷӣ нақши бориз мебозад.