Дар шаҳри Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.
Ҳамраисони Комиссия – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригулӣ Атахаллиев изҳор доштанд, ки ҷаласа дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории мутақобили судманд баргузор гардида, тавофуқоти бадастомада барои густариши минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва робитаҳои илмӣ-техникӣ заминаи устувор мегарданд.
Ҷонибҳои Тоҷикистон ва Туркманистон натиҷаҳои гуфтушунидҳоро дар ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ созанда арзёбӣ намуданд.
Пас аз мувофиқаи ҳама масъалаҳои рӯзнома аз ҷониби ҳамраисони Комиссия Протоколи ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расонида шуд. Ин санад самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаро муайян намуда, ҳамчун қадами муҳим дар рушди муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо хизмат мекунад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи саривақтӣ ва босамари тавофуқоти дар Протокол гуфташуда ба таҳкими робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон мусоидат менамояд.

