Skip to content Skip to footer

НАМОИШГОҲИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ҚАТАР

6 феврал дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар омодагиҳои аҳли фараҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги ҷумҳурӣ дар ин кишвар оғоз гардид ва 9 — уми феврал маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тибқи иттилои масъулини Вазорати фарҳанги мамлакат қабл аз барномаи консертӣ намоишгоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар доир гардид.

Баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишгоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар толори барҳавои Вазорати фарҳанги ин давлати дӯсту бародар намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, саноеи дастӣ, маҳсулоти гуногун, намоиши мусаввараву аксҳо, ки таъриху фараҳанг, урфу одат, дастовардҳои замони Истиқлол ва табиати зебои диёрамонро таҷассум менамоянд, ба намоиш гузошта шуда буд, ки дар маҷмӯъ композитсияи бою рангини Тоҷикистонро бозгӯ менамояд.

Аз ин намоишгоҳ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода якҷо бо вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ дидан намуданд.