Иштироки фаъолонаи намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишноҳи байналмилалии “ITB Berlin 2026”, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардид, қадами устувори дигар дар роҳи рушди соҳа маҳсуб меёбад.
Дар доираи ин чорабинии сатҳи баланд иштирок намудани намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 боз як имкониятест дар роҳи расидан ба ҳадафҳои “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”.


Форуми мазкур дар ҳамкорӣ бо Академияи дипломатияи фарҳангӣ дар шаҳри Потсдам таҳти унвони «Тиҷорати байналмилалӣ, сармоягузориҳои устувор ва рушди сайёҳӣ дар иқтисодҳои муосир» ташкил карда шуд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори иҷроия ва муассиси Академияи дипломатияи фарҳангӣ Марк С. Донфрид оғоз гардид. Дар идома Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов суханронӣ намуда, ба аҳамияти рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои табииву фарҳангии Тоҷикистон дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ ишора намуд.
Дар ҷараёни форум ба иштирокчиён иқтидору имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти муҳими рушди иқтисодӣ муаррифӣ карда шуданд.

