Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо шароити буду боши афсарону сарбозон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Ҳисор дар якҷоягӣ бо волидайни сарбозон ба Қисми низомии 07017 — и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Кӯшониёни Вилояти Хатлон воқеъ гардидааст, сафар намуданд.
Қабл аз сафар роҳбарияти шаҳр бо волидони сарбозон сӯҳбати озод доир намуда, дар мавриди тарбияи дурусти насли наврас ва омода намудани ҷавонмардони шуҷоъ ба хидмати модар ватан тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд. Таъкид шуд, ки хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҷавонмардии ҳар як сокини кишвар, бахусус ҷавонон буда, мактаби мардонагӣ ва ҷасорат мебошад.
Баробари расидан ба Қисми низомии 07017 — и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Кӯшониёни Вилояти Хатлон воқеъ гардидааст, волидон аз истиқболи гарму самимии фарзандон ва чеҳраҳои шоди онҳо маълум карданд, ки имрӯз шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба талаботи замони муосир ҷавобгу буда, ҳамаи имкониятҳои омодагии ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон муҳайё гардидааст.
Пас аз боздид дар саҳни қисми низомӣ бо иштироки роҳбарияти қисми низомӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатӣ ва волидону афсарону сарбозон чорабинии фарҳангӣ доир шуд.

Нотиқон зимни суханронӣ, афсарону сарбозони шуҷои Ватанро намунаи ибрату мардонагӣ номида, аз ҷасорату садоқат нисбат ба савганди ҳарбӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстии онҳо ёдовар шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки роҳандозии ҳамин гуна тадбирҳо имкон дод, ки сол аз сол теъдоди ихтиёриёни барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ афзояд.

