Дар Хатлон 7 Маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шуд

Бо мақсади тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳии вилояти Хатлон ва ба гардишгарон дастрас шудани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ дар вилояти Хатлон 7 Маркази итттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Марказҳои иттилоотии сайёҳӣ дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Вахш, Муъминобод ва Балҷувон ифтитоҳ гардиданд.

Дар вилояти Хатлон 975 ёдгории фарҳангӣ, бостонӣ, меъморӣ, монументалӣ ва мавзеъҳои сайру саёҳат мавҷуд мебошад, ки ҳамарӯза сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ аз онҳо дидан менамоянд.

Бешубҳа, Хатлон макони фарҳангу ҳунар буда, байни мардуми ин минтақа ҳунарҳои чакандӯзию гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ рушд намудааст. Маҳсули дастони ҳунармандони чирадасти Хатлонзамин чандин намоишгоҳу фестивалҳои сатҳи ҷаҳониро бо ҷилои фарҳанги пурғановат оро додааст.

Манзараҳои табиати дилфиреби ин минтақа таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳону ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб намудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо назардошти минтақаҳои табиӣ-рекриатсионӣ, мавзеъҳои таърихӣ–динӣ ва мавзеъҳои истироҳатӣ туризми дохилӣ хеле рушд ёфтааст. Манзараҳои табиати дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Хатлонзамин, рӯду чашмаҳои зулолу шифобахш ва дигар имконияту иқтидори сайёҳии ин минтақа, ба мисли шаршараи Сари Хосор, кӯҳи Чилдухтарон, Чилучорчашма, Димнаи Дақёнус, Димнаи Кофирқалъа, Димнаи Лағмон, Аҷинатеппа, Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Тахти Сангин, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Мақбараи Имом Зайналобиддин, мақбараи Хоҷа Дурбод, мақбараи Хоҷа Сарбоз, мақбараи Хоҷаи Нур, мақбараи Обидин, мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, мақбараи Мавлоно Қутбидин, мақбараи Шоҳи Хомӯш, мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ, мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук, Қалъаи Мир, Қалъаи Муъминобод, шаҳракаи Золи Зар, Теппаи Қурғон, маскани Хонақоҳ, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», НБО Норак ва ғайра хеле машҳур буда, ҳар сол садҳо сайёҳ ба тамошо ин мавзеъҳои таърихию бостонӣ ва истироҳатӣ ба Хатлон меоянд.

Дар вилоят ҳоло даҳ ширкати сайёҳӣ, назири «Сайёҳ асри 21», «Ориёӣ», «Сари Хосор Тревел», «Морхӯр», «Истироҳатгоҳи Пули сангин», «Сайри ҷаҳон», «Ховалинг Фрилэнд Эдвенчер», «Нодир Тур» ва ғайра фаъолият дорад, ки дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба вилоят нақши муассир мегузоранд.

Тибқи таҳлилҳо, дар вилояти Хатлон навъҳои афзалиятноки туризми экологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ, саргузаштӣ, таърихӣ-динӣ, кӯҳнавардӣ ва табобатӣ-варзишӣ хеле рушд ёфтааст.

АКС аз манбаъҳои боз