«Somon Air» ва «Kayan Travel Group» бо мақсади рушди интиқоли ҳавоӣ санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Байни ширкати ҳавопаймоии «Somon Air»-и Тоҷикистон ва «Kayan Travel Group»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Somon Air».

Санади мазкурро директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» Абулқосим Валиев ва раиси Агентии интиқолоти ҳавоии «Kayan Travel Group»-и Арабистони Саудӣ Туркӣ Ал Сайланӣ дар Душанбе имзо намуданд.

Дар доираи ин санад ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаи интиқолоти ҳавоӣ -мусофиркашониву боркашонӣ ва иртиботи шаҳрвандони ҳар ду мамлакат, ки бо ҳадафҳои тиҷорат, саёҳат, омӯзишу табобат сафар менамоянд, ба роҳ монанд.

Тибқи шартҳои Ёддошти ҳамкорӣ, ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Ҷидда-Душанбе рушд дода, ширкати «Kayan Travel Group» барои ҷалби мусофирон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саёҳату тиҷорат, омӯзишу табобат ва дигар мақсадҳо иқдом мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» моҳи марти соли равон дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе парвозҳои мунтазам оғоз намуд. Алҳол парвозҳо аз Душанбе ба Ҷидда ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе — соати 21:50, аз Ҷидда — 02:50 (чоршанбе ва шанбе) ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» дар айни замон парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия, Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом медиҳад.

АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Somon Air»