Дар Душанбе ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон бо соҳибкорони Чин баррасӣ карда шуд

Рушди ҳамкории дуҷониба барои ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон дар мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи соҳибкорони ширкати мубодилаи фарҳангии Ҷилини музофоти Футзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Дар мулоқот иброз дошта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармоя барои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ фазои якхела фароҳам оварда, дар ин самт имтиёзу ҳавасмандгардонии  зиёд низ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин ба соҳибкорони чинӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар мамлакат, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологиву табобатӣ, аграрӣ ва гастрономӣ маълумот дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷумҳурии мо қарор дошта, 25 апрел дар шаҳри Душанбе Анҷумани соҳибкорони ду давлат баргузор гардид. Ҳамзамон соҳибкорон бо роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор вохӯриҳо анҷом дода истодаанд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон