Хизматрасонӣ ба сайёҳон дар фурудгоҳҳои байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ назорат карда мешавад

Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки фаъолияти худро дар муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, хизматрасонии дуруст ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ пеш мебарад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Имрӯз зимни ҳамоиш гурӯҳи корӣ ба сохторҳои марбута ҷиҳати таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба қабулу гусели меҳмонон, ҳавасмандӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зичи сохторҳои марбутаи сайёҳии вилоят бо мақоми ваколатдор, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд ҷиҳати татбиқи сиёсати босамари давлатии соҳаи сайёҳӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Гуфта шуд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд. Дар панҷсоли охир ба ҷумҳурӣ беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ба истифода дода шуданд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд. Инчунин бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакарда шуда ҷорӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ фаъолияти худро дар муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, хизматрасонии дуруст ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ марҳила ба марҳила амалӣ менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ

Бознашр аз АМИТ «Ховар»