Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз ёфт

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид.

Намоишгоҳи мазкур бо истиқболи самимӣ аз меҳмонон ва ноширони ватаниву хориҷӣ дар даромадгоҳи театри мазкур оғоз ёфт.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи намоишгоҳ изҳор доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳ ба китобу китобдорӣ зиёд гардида, бо дастгирии бевоситаи Роҳбарияти олии мамлакат  ин анъанаи неки ниёгон – эҳтироми китобу китобхонӣ идома ёфта, дар ин ҷода як зумра корҳои намоён анҷом пазируфтанд. Аз ҷумлаи онҳо баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» мебошад, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни мазкур  ҷараён дорад.

Имсол дар намоишгоҳи мазкур аз ҷониби 30 нашриёти ватанӣ ва 8  кишвари хориҷӣ  беш аз 4 – ҳазор китобҳои   бадеӣ  ва  илмӣ – омавӣ бо забонҳои гуногун ба намоиш гузошта шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо мусоидат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе  баргузор мегардад, ки имсол низ дар намоишгоҳи мазкур  ноширони муваффақи ватаниву хориҷӣ китобҳои тозанашри хешро пешниҳоди дӯстдорону муштоқон ва аҳли фарҳангу маънӣ гардониданд, ки меҳмонону иштирокдорон аз он дидан намуданд. Бояд тазаккур дод,  ки намоишгҳои байналмилалии Китоби Душанбе то 16-уми декабр идома ётфа, дар доираи баргузории намоишгоҳи мазкур нишасту конфронсҳо, ҷамъбасти озмуни “Китоби сол-2022” ва боздиди меҳмонон аз маконҳои таърихию фарҳангии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе доир мегардад.