Дар Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди сайёҳӣ барои солҳои 2023-2026 амалӣ мегардад

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар пойтахт нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2026 тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи нақша, давоми солҳои 2023-2026 дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои мухталиф, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-адабӣ ва фестивалу озмунҳо баргузор шуда, муосиргардонии иншооти соҳа низ дар назар дошта шудааст.

Мақсад амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур таъмини шароити мусоид баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании пойтахти мамлакат ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, соли 2022 192 ҳазор меҳмонон аз хориҷи мамлакат аз шаҳри Душанбе боздид намудаанд, ки нисбат ба соли 2021 2 маротиба зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки соли сипаригардида бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 65 барнома доир карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»