Ифтитоҳи  корхонаи дӯзндагию истеҳсолии “Лола” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи дўзандагию истеҳсолии   «Лола»  мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он 30 нафар занони  хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Корхонаи дўзандагию истеҳсолии  «Лола»  аввалин коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғул мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи корхона роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.  Зимни ифтитоҳи корхона занони ба кор ҷалбшуда,  аз фароҳам овардани  чунин шароити хуби корӣ  ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ миннатдорӣ баён намуданд.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  23 сентябри соли равон дар маҳаллаи  Азизбекови ноҳияи мазкур  Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он омӯзиши ин навъи ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда мешавад.  

Маркази мазкур аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд ва рушди соҳаи ҳунармандӣ дар ноҳия таъмин мегардад.