25 август дар пойтахти Шоҳигарии Швейтсия – Стокголм Ҳафтаи ҷаҳонии об ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар доираи ин чорабинии бошукуҳ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи намоишӣ ташкил намуд, ки дар он ташаббусҳои глобалии мамлакат, таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи об, захираҳои бойи гидроэнергетикии мамлакат ва натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни имсол дар Душанбе баргузор гардид, муаррифӣ шуданд.
Ҳафтаи ҷаҳонии об то 29 август идома меёбад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон