Дар маҷаллаи «Diva International Diplomat»-и Швейтсария оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим мавод ба нашр расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар мусоҳиба ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфаракоронаи онҳоро муҳим хонда, бобати ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки ба пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, сухан гуфтааст.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария