Ширкати миллии Тоҷикистон «Сиёма» панҷсола шуд

24 август бахшида ба панҷсолагии таъсиси ширкати миллии обҳои ташнагишикани «Сиёма» дар кохи «Парфенон» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус мухбири «АМИТ» хабар медиҳад.

Қалб аз оғози ҳамоиш директори ширкати миллии «Сиёма» Толибҷон Маҷидов изҳор дошт, ки «воқеан имрӯз давлату ҳукумат ба рушди корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон таваҷҷуҳи баланд зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки баъди соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи саноат рушд ёфта, корхонаҳои саноатии зиёде ифтитоҳ гардида, маҳсулоти босифати онҳо ҷумҳуриро дар давлатҳои хориҷӣ муаррифӣ менамоянд».

Дар ҳамоиш роликҳои видеоӣ оид ба таъриху ташаккули ширкат ва дастовардҳои он ба иштирокдорон намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ба истифода дода шуд.

Инак аз фаъолияти ширкати миллии «Сиёма» панҷ сол сипарӣ гардид. Ширкат бо ҳайати кормандон дар муддати кӯтоҳ тавонист дар бозори фурӯши дохил ва хориҷи мамлакат аз ҷиҳати сифат мавқеи муайянро ишғол намояд. Бояд гуфт, ки об барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз дарёи Сиёма, ки 55 километр дуртар аз пойтахти мамлакат қарор дорад, дастрас карда мешавад.