24 августи соли 2024 бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «Tajikistan—Iran Roadshow» чорабинии сайёҳӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, намояндагони Вазорати мероси фарҳангӣ ва сайёҳии Эрон, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва зиёда аз 150 корманди субъектҳои хизматрасон дар соҳаи сайёҳии кишвари мизбон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати амну осоишта буда, дар он барои қабули сайёҳон тамоми имконият фароҳам оварда шудааст.
Ба иттилои Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Трэвел» Умедҷон Саидзода, ба иштирокдорон дар бораи бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳӣ, табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ маълумот дода шуд.
«Иштироки намояндагони ширкатҳои сайёҳии мамлакат дар чорабиниҳои гуногуни сайёҳӣ дар хориҷи мамлакат роҳи самараноки ҷалби гардишгарони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад», — гуфт ӯ.
Ҳамзамон дар бораи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба иштирокдорон видеоҳои нав намоиш дода шуданд.
Зимни чорабинӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуда, дар ҷараёни гуфтушунид байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат созишномаҳои дахлдор ба имзо расиданд.
Пас аз анҷоми чорабинӣ ба иштирокдорон армуғонҳои миллӣ ва маводи таблиғотии сайёҳӣ тақдим гардид.
Тавре қаблан иттилоъ додем, шуруъ аз 10 августи соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор гирифт.
Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.
Низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки чунин чорабинии сайёҳӣ 13 август дар шаҳри Исломобод низ баргузор шуд, ки аз рӯйи натиҷаҳои он байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Покистон 10 ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС: АМИТ «Ховар»