Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо раванди баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Ҳисор шинос шуд

23 август муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  дар китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо шароити толорҳое, ки довталабон аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм, эҷоди наср санҷида мешуданд, шинос шуда, бо ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва падару модарон оид ба шаффофият ва риояи адолат дар баҳогузории озмун, инчунин  масъалаи ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва китобхонӣ суҳбат намуд.

Муовини Сарвазири мамлакат мақсади баргузории озмунҳоро, ки соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд, маънидод намуда, гуфт, ки бо мусоидати омӯзгорон ва падару модарон сол то сол сафи иштирокчиёни озмун бештар ва шумораи номинатсияҳо батадриҷ зиёд мегардад.

Ҳакамони озмун ва падару модарон дар баробари сипосу эҳтиром барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати озмун ба муовини Сарвазири Тоҷикистон якчанд пешниҳоду дархост баён доштанд.