Масоили мубрами тақвияти ҳамкории байнимуассисавӣ дар самти амалӣ намудани барномаҳои таҳсилии муштарак байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дар доираи мулоқоти роҳбарияти донишгоҳҳо дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Дар мулоқот табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорону кормандон, амалисозии таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ташкили маркази забономӯзӣ баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ин тадбирҳо дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор амалӣ мегарданд.
Ҳамзамон роҳбарияти Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал бо фаъолияти институтҳои илмию таҳқиқотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳо шинос гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон