Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 август дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.
Тавре дар Кумитаи телевизион ва радио хабар доданд, дар доираи Ёддошт ҷонибҳо дар самти табодул ва таҳияи контентҳои муштарак, аз ҷумла хабарҳо, гузоришҳои мавзуӣ, барномаҳо, филмҳои мустанад, инъикоси рӯйдодҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои ду ҷумҳурӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Инчунин ҳарду ҷониб дар доираи тавон ва имкон ба шабакаҳои давлатии телевизионӣ ва радиоие, ки дар ҳудуди ду давлат пахш мегарданд, мусоидат намуда, кумаки техникӣ мерасонанд.
Инчунин дар заминаи воҳидҳои сохторӣ ба табодули таҷрибаи касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон дар муассисаҳои таълимии якдигар мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ семинарҳои муштарак, суҳбатҳои “мизи мудаввар” ва дигар чорабиниҳо баргузор менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон