Дар Хуҷанд консерти устодони санъати шаҳри Шимкент баргузор гардид

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон 22 август дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони фарҳанг ва санъати шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи калони консертӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иброз дошт, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон идомаи сиёсати хирадмандонаи Сарони ду давлат буда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши равобити дӯстонаи халқҳои бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат мекунад.

Ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ба меҳмонон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Туҳфа ба сардори Раёсати фарҳанг, рушди забонҳо ва бойгонии шаҳри Шимкент Боарҷон Арантаев супорида шуд.

Сипас барномаи бошукуҳи консертӣ иборат аз сурудҳои миллӣ, рақсҳои ҷаззоб ва оҳангҳои оркестри асбобҳои халқӣ дар иҷрои  сарояндагони қазоқистонӣ намоиш дода шуд.  Ҳунармандони қазоқ инчунин сурудҳо ва рақсҳои миллии тоҷикӣ иҷро карданд, ки рамзи дӯстии мардумони ду давлатро ифода менамуд.