Даҳаи якуми моҳи сентябр дар вилояти Суғд Фестивали вилоятӣ ва намоишу фурӯши «Атласу адрас» баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Фестивали вилоятии «Атласу адрас ва намоишу фурӯши он» бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, истеҳсоли матоъҳои миллӣ, муаррифии навъҳои гуногуни атласу адрас ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, ғолибони фестивал бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар фестивал ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ ва дӯзандаю тарроҳони алоҳидаи вилоят метавонанд иштирок намоянд.
АКС аз бойгонӣ