Ҳунармандони «Казакконсерт» дар Душанбе санъати миллии қазоқиро намоиш медиҳанд

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ҳунармандони Ташкилоти давлатии академии консертии «Казакконсерт» ба номи Роза Багланова 24 август дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ санъати миллии қазоқиро пешкаши тамошобинон мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ хабар доданд.

Барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе Ансамбли давлатии фолклории «Остона Сази»-и Қазоқистон, гурӯҳи «Saz & Soul», Ходими хизматнишондодаи Қазоқистон Айзат Карабек, лауреати Мукофоти давлатии ҷавонон «Дарин» Аскар Мукият, лауреатҳои озмунҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ Султон Ахмет ва Инкар Айдархонкизи ҳунарнамоӣ мекунанд.

Онҳо сурудҳои халқии қазоқӣ, асарҳои асбобӣ, композисияҳои асбобию хореографиро иҷро менамоянд.

Ҳамчунин асари композитори барҷаста Шарофиддин Сайфиддинов «Давлати ман — Тоҷикистон», ки соли 2004 навишта шудааст, садо медиҳад. Суруд ҳамеша ба дили шунавандагон нисбат ба  зебоии зодгоҳ, қувваи боварибахши аккордҳо, боварии бепоён ба мардум ва давлати худ завқи ҳаяҷонбахш мебахшад.

Онро Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев иҷро мекунад.

Барномаи ҳунарӣ ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон мусоидат менамояд.