Бо иқдоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустамӣ Эмомалӣ ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 25-27 сентябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2024) баргузор мегардад. Дар ин хусус имрӯз қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар доираи намоишгоҳ Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе низ доир карда мешавад.
Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (DITE-2024) рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.
Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд. Вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон зимни баргузории чорабинӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир мешавад.
Тавре мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, баргузории чунин намоишгоҳҳо яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва сармояи мустақим ба мамлакат, инчунин беҳтар пешкаш намудани хизматрасонӣ буда, барои тавсеаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳо ва пойтахтҳо, субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва доираҳои манфиатдор заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар аксар кишварҳои олам ҳамасола ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 5000 ширкати марбут ба соҳаи сайёҳӣ аз давлатҳои ҷаҳон иштирок ва маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.
Бо шарофати Истиқлолу озодӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ рушди бесобиқа ёфта, зарфияти сайёҳии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегардад.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон симои миллати тоҷик ва дарвозаи асосии вуруди меҳмонону сайёҳон ба мамлакат буда, сатҳу сифати хизматрасонии субъектҳои сайёҳӣ дар он на танҳо дар рушди соҳа, балки дар баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи дастовардҳои мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ нақши ҳалкунанда мебозад.
Бо таваҷҷуҳу талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2018 шаҳри Душанбе аъзои Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) гардида, тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Русия, ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини мамлакатҳои аъзои ИДМ, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ ва ба даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона ворид гардидааст.
Аз 3 октбяри соли 2019 шаҳри Душанбе бо қарори Шурои вазирони сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ солҳои 2020-2021 ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва аз 28 сентябри соли 2018 бо қарори Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.
АКС аз бойгонӣ