Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Озмун барои дарёфти мансабҳои зерини холии маъмурӣ: сардори Раёсати гузариш ба низоми рақамӣ, сардори Раёсати танзими ҳукумати электронӣ, сардори Раёсати танзими гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ, сардори Раёсати таъмини амнияти иттилоотӣ, сардори раёсати банақшагирӣ ва котибот эълон шудааст.
Барои довталабони ишғоли мансаби сардорони раёсатҳо талаботи зерин ҳатмӣ аст: 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ; донистани забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ дар сатҳи баланд; донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд ва маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 47, шуъбаи кадрҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ бинои “Тоҷиксодиротбонк”).
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-02-42, 221-00-61.
АКС аз манбаъҳои боз