Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон шуруъ аз 13 январи соли 1993, яъне аз замони имзои «Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» равобити дипломатӣ ба роҳ монда, давоми беш аз 30 сол дар низоми ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ба дастовардҳои хеле баланди сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ноил гардиданд. Дар ин муддат беш аз 150 созишномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамокорӣ байни ду давлат ба имзо расонида шуд, ки қариб тамоми соҳаҳои муҳимтарин ва самтҳои афзалиятноки ҳарду мамлакатро фаро мегиранд. Чунин ибрози назар намудааст коршиноси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Саидов.
Шакли пурраи мақоларо дар зер пешниҳоди хонандагон мегардонем.
— Муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, солҳои охир дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила густариш меёбанд. Муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва дигар бахшҳои муҳимтарин фаъолона идома доранд.
Ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ хеле муваффақона пеш меравад. Ҳарду мамлакат дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозии зиддимухадиротӣ барои Осиёи Марказӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ робитаҳои хеле самаранок дошта, дар масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи монанду муштарак доранд.
Яке аз далелҳои муваффақияти Тоҷикистон ва Қазоқистон дар пешбурди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба- ин ҷойгиршавӣ дар ҷуғрофиёи ягона, ҳамзистии таърихӣ, умумияти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангии халқҳои ду давлат ва таҷрибаи ҳосилшудаи ҳамкории неку дӯстона дар даврони собиқ номидан мумкин аст. Омилҳо зиёд ҳастанд, вале ба назари мо, муҳимтарин омилҳои дӯстию шарикӣ нуктаҳои гуфташуда мебошанд.
Дар равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон имзои «Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» аз 14 сентябри соли 2015 гардиши нав ба бор овард. Ин созишнома сатҳ ва сифати эътимоди тарафайнро хеле баланд бардошта, дар низоми робитаҳои ҳасана уфуқҳои нав боз намуд.
Тавре аз муқаррароти ин созишнома бармеояд, ҷонибҳо дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, эътимод ва дастгирии ҳамдигар, баҳри рушди ҳамкории гуногунҷанба ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории дуҷонибаи ба манфиати куллии халқҳои ҳарду ҷониб комилан ҷавобгӯ саъй намуда, ба татбиқи ҳамаҷонибаи тамоми зарфияти мавҷуда мусоидат менамоянд.
Ба шарикии стратегӣ иктифо накарда, ҳарду давлат равобити дуҷонибаро ба дараҷаи ҳамкории иттифоқӣ расониданд. Аз ҷумла, 4 майи соли 2023 «Эъломияи ҳамкории иттифоқӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» ба имзо расид, ки он сатҳ ва зинаи боз ҳам баланди робитаҳои дуҷонибаро нишон медиҳад. Дар ин эъломия гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар асоси ба назар гирифтани манфиат ва баробарҳуқуқии тарафайн дар доираи ҳамкории иттифоқӣ барои ба зинаи баландтар баровардани робитаҳои гуногунсоҳа ва гуногунҷанба кӯшишу талош менамоянд. Самараи ин талошҳо дар амалияи робитаҳои дуҷониба хеле назаррас аст.
Дар шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 575 миллион долларро ташкил дода, аз ҷумла содироти молҳои ҷониби Қазоқистон тақрибан 20% афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин яке аз самтҳои стратегии ҳамкории дуҷонибаи давлатҳо муносибатҳои об ва энергетика мебошад. Соли 2023 ҳаҷми гардиши мол 1 миллиарду 148 миллиону 700 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон соли 2023 Қазоқистон бо суръати баланд (бо ҳиссаи 13,8 дарсад) дар ҷойи 4-ум қарор гирифт. Яъне Қазоқистон дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имрӯз мақоми пешсафро доро мебошад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, 25 августи соли 2023 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва мулоқоташон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев изҳори итминон намуданд, ки ҷонибҳо қодир ҳастанд нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷонибаро ояндаи наздик то ба 2 миллиард доллар расонанд. Баробари соҳаи тиҷорат ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмааи агросаноатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 80 корхонаи муштарак фаъолият дошта, дар Қазоқистон ҳам чунин корхонаҳо бо иштироки сармоягузорони тоҷик мавҷуд мебошанд.
Минбаъд низ васеъ кардани ин ҳамкорӣ барои эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ мусоидати фаъол менамояд. Аз ҷумла, амалӣ намудани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва содироти он ба кишварҳои дигар низ ба манфиати иқтисоди Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон минбаъд низ илова ба самтҳои қаблан ҳамоҳангшудаи афзалиятнок ҳамзамон барои рақамикунонии иқтисодиёт, инноватсия ва воридоти технологияи муосир, таъсиси корхонаҳо оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти хуштамъу аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноку пурсамари минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Рӯзҳои наздик сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Дар остонаи ин сафар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай як силсила чорабиниҳои муштарак баргузор шуда истодаанд. Инчунин 20-21 август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Қазоқистон баргузор мегарданд, ки дар он намоиши силсилафилмҳо дар назар аст. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад. Таҳкими ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду давлат аз ҳадафҳои асосии Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон арзёбӣ мегардад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дидору мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои густариши робитаҳои дуҷониба имконият ва фазои ҳамкории боз ҳам беҳтар фароҳам меорад.
АКС аз манбаъҳои боз