Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бо мақсади муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 таҳти унвони «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиши сайёри осорхонавӣ оғоз гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳизода ва муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода доир ба аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим сухан намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беҳтарин намунаҳои осори санъати тасвирӣ, ки аз ҷониби рассомони машҳури Тоҷикистон офарида шудаанд ва дар онҳо обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву чашмасоррн, пиряхҳо ва дигар зебоиҳои диёр тасвир гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» то 27 август идома меёбад.
Дар ин муддат кормандони гуногункасб ва сокинону меҳмонони ноҳияи Данғара имкон доранд бо офаридаҳои рассомони Тоҷикистон аз наздик шинос гарданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон