Бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, инъикоси санъату анъанаҳои халқӣ барои эҳё намудани суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода байни занону ҷавондухтарон барномаҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ доир шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Занони деҳот дар як хона ҷамъ омада, таомҳои миллӣ омода намуданд. Инчунин ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, кашидадӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва наққошии маҳсули дасти худро ба намоиш гузоштанд.
Ҳадафи асосӣ аз баргузории ин намоиш тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва омодасозии таомҳои миллии қариб аз байнрафта барои насли ҷавон мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар шашмоҳаи якуми имсол дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон ба 57,1 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нишони рушд ёфтани соҳаи ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ аст. Ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон ба мерос мондаанд, таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Тибқи маълумот, давоми шаш моҳи имсол 9291 нафар занону духтарони хонанишин ва шаҳрвандони дигар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин давра таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва дар се давр Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Турсунзода