«ҶИЛОИ ТАБИАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ МУСАВВИР». Кумитаи ҳифзи муҳити зист байни рассомон озмун эълон менамояд

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни рассомон ва эҷодкорону ҳавасмандон дар мавзуи «Ҷилои табиати Тоҷикистон дар оинаи мусаввир» озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи озмун ҳифзи муҳити зист, муаррифии гуногунии билогӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва зебоишиносии аҳолӣ мебошад.

Асарҳое, ки ба озмун пешниҳод мегарданд, бояд фарогири се номинатсия -манзараҳои обанбор, шаршара, наҳр, дарё, пирях ва манбаъҳои дигари обӣ, ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд ва инчунин -манзараҳои дигари табиати Тоҷикистон бошанд.

Ба озмун асарҳое қабул карда мешаванд, ки дар рӯи матоъ ё коғаз тасвир шудаанд. Барои офаридани асар рассомон имкон доранд, ки аз чӯб, металл, хокаи махсус, гил, гуаш, акрил, рангҳои равғанӣ, акварел, пастел, қаламҳои ранга ва сиёҳ истифода намоянд.

Озмун дар се давр — моҳи сентябр дар маркази шаҳру ноҳияҳо, моҳи октябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор шуда, моҳи ноябр дар Душанбе бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.